ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар қаламрави Русия дар моҳи июн хатари афзоиши ибтило ба коронавирус баланд аст.
Дар ин бора вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко ҳушдор дод.
Барои пешгирии мавҷи нав, бояд моякӯбӣ шуд, гуфт раҳбари Вазорати тандурустӣ.
"Ҳоло эмгузаронии такрорӣ хеле муҳим аст, зеро тибқи пешгӯиҳои мо, дар моҳи июн, охири моҳи май, шояд дар моҳи июн хатари зиёд шудани беморӣ баланд аст, зеро иммунитети оммавӣ паст мешавад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, то дубора зуҳур кардани мавҷи беморӣ мунтазир нашуда, ба пешгирӣ машғул шудан лозим аст.
Қаблан раиси Роспотребнадзор Анна Попова ҳушдор дода буд, ки бо вуҷуди коҳиши мизони бемории COVID-19 дар Русия, пандемия то ҳол хотима наёфтааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти охирин дар Русия теъдоди гирифторони коронавирус коҳиш меёбад.
Агар рӯзе қабл 7,7 ҳазор мубталоён ба коронавирус сабт шуда бошад, аввали моҳи апрел ин нишондод 18 ҳазор нафарро ташкил медод.
Дарачаи масъунияти оммавӣ то 42,9 фоиз паст шуд.
Қаблан хабар дода шуд, ки як штамми нави сирояти коронавируси XE дар иёлати Гуҷароти Ҳиндустон ошкор шудааст.
Духтурон се хатти гуногунро муайян карданд, ки дар ҷараёни мутатсияи штаммҳои гуногуни коронавирус - XD, XE ва XF ба вуҷуд омадаанд.
Ду навъи аввал аз омезиши делта ва омикрон BA.1 ва навъи сеюм дар натиҷаи якҷояшавии вариантҳои BA.1 ва BA.2 - и омикрон ба вуҷуд омадааст.
Бемории коронавируси COVID-19 бори аввал авохири соли 2019 дар Чин ба қайд гирифта шуд.
Манбаи сироят шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин буд. Олимон муайян карданд, ки ангезандаи коронавируси нав як штамми қаблан номаълуми SARS-CoV-2 будааст.
Аломатҳои асосии коронавирус табларза, сулфа, тангии нафас мебошанд. Эҳтимол меравад, ки ин вирус ба одамон аз мор ё кӯршапаракҳо гузаштааст.
11 марти соли 2020 СҶБ пандемия эълон кард.