Дар Қирғизистон паҳнкунандагони хабари дурӯғи гароншавии нархҳо, ҷазо мегиранд

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон ин иқдом барои ҳифз ва суботи сатҳи иқтисодии кишвар зарур аст. Ӯ гуфт, масъала зери назорати қатъӣ бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Қирғизистон Улан Ниёзбеков дастур дода, афродеро, ки дар бораи болоравии нархи маводи ғизоӣ ва маводи зарурӣ маълумоти бардурӯғ паҳн кардаанд, ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашанд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуотии ВКД-и ин кишвар, вай дар ин бора дар ҷаласаи мушовараи ҷамъбасти се моҳи соли 2022 изҳор доштааст, менависад Sputnik Қирғизистон.
Ба гуфтаи вазир, ин барои ҳифз ва суботи сатҳи иқтисодии кишвар зарур аст.
Ниёзбеков мегӯяд, ин масъаларо бояд ҳар як милиса таҳти назорати махсус гирад.
Дар ҳамин ҳол, вай мушаххас накардааст, ки онҳо чӣ гуна хоҳанд фаҳмид, ки ин маълумот дурӯғ аст ё не, зеро воқеан нархи маҳсулот гаронтар мешавад.
Президенти Қирғизистон аз мардумаш хост ӯро ором гузоранд
Вай ҳамчунин якҷо бо намояндагони раисиҷумҳур дар минтақаҳо, мақомоти маҳаллӣ дастур дод, ки нақшаҳои кориро оид ба чораҳои амниятӣ оид ба манъи афзоиши сунъии қимати маводи ғизоӣ ва содироти маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзӣ ба хориҷи кишвар тасдиқ кунанд.
Вазир ҳамчунин дастур додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз қочоқ тадбирҳои мукаммал андешида шавад.
Вазири қирғиз бар ин аст, ки дар байни мардум кори васеи тарбиявӣ бурдан лозим аст.
Фаҳмондан лозим аст, ки боиси ташвиш нест, мамлакат ба тамоми озмоишхои иқтисодй тайёр аст, дар анборҳо озуқаворӣ ба қадри кофӣ мавҷуд аст.