ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина барои раҳоии ҷаҳон аз ҳолати навмустамликасозии кишварҳои ғарбӣ мусоидат мекунад. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба мусоҳибаи вазир бо хабаргузории "Синхуа" хабар медиҳад.
Ба гуфтаи Лавров, талошҳои дастаҷамъонаи Ғарб таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида барои боздоштани ҷараёни табиии таърих ва эътироф накардани чандқутбияти ҷаҳон ба шикаст маҳкум шудаанд.
Мамлакатғои Ғарб дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон тафаккури ҳампаймониро бор карда, кушиш мекунанд, ки мушкилоти худро аз ҳисоби давлатҳои дигар ҳал кунанд, гуфт ӯ.
"Ҳар як давлат озодии воқеии интихоб, аз ҷумла роҳҳои рушд ва ширкат дар лоиҳаҳои ҳамгироӣ дорад. Амалиёти махсуси низомии мо дар Украина инчунин ба раванди раҳоии ҷаҳон аз зулми истеъмори нави Ғарб, ки ба шиддат даргири нажодпарастӣ аст, мусоидат мекунад", таъкид кард Лавров.
Вазири хориҷа афзуд, ки ҳадафи Вашингтон ва Брюссел иваз кардани меъмории СММ бо "тартиби бар асоси қоидаҳо"-и худ аст, ки худашон менависанд ва сипас бар дӯши дигар давлатҳо таҳмил мекунанд.
Масалан, Лавров тавзеҳ дод, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои НАТО Украинаро як абзори ҷилавгирӣ аз Русия мешуморанд ва ҳамеша дар он ҷо эҳсоси зидди Русияро афзоиш медиҳанд.
Сергей Лавров афзуд, ки кишварҳои ғарбӣ ба сарнавишти Украина ҳамчун як кишвари мустақил ва сарнавишти мардуми Украина бетаваҷҷӯҳ ҳастанд - онҳо ҳама корро мекунанд, то аз пешрафт дар майдони музокироти Маскав ва Киев ҷилавгирӣ кунанд.
Агар Иёлоти Муттаҳида ва НАТО бихоҳанд, бӯҳронро ҳал кунанд, онҳо бояд интиқоли силоҳро қатъ кунанд, бо масъалаҳои башардӯстона машғул шаванд ва Киеви расмиро маҷбур созанд, ки аз иғвоҳо, аз ҷумла иттилоотӣ даст кашад. Дар акси ҳол, сиёсатмадорони ғарбӣ масъулияти шарикӣ дар ҷиноятҳои хунинро ба дӯш мегиранд, афзуд вазири хориҷаи Русия.
Ӯ гуфт, Ғарб ва ҳампаймонҳоион кӯшиш мекунанд, ки "ҳаками сарнавишти башарият" бошанд, вале ба назар намегиранд, ки ҷаҳон кайҳо чандқутбӣ шудааст ва Ғарб ҳар қадар зудтар бо воқеиятҳои геополитикӣ муросо кунад, барои ӯ ва ҳама ҳамон қадар беҳтар аст.