Тоҷикистон воридоти маҳсулоти баҳриро афзоиш додааст

Тоҷикистон воридоти маҳсулоти тайёри ғизоӣ, аз ҷумла маҳсулоти баҳрӣ, консерва ва қаннодиро ба маблағи 17,3 миллион доллар афзоиш дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Аз аввали соли 2022 ба Тоҷикистон воридоти маҳсулоти тайёри ғизоӣ афзоиш ёфтааст. Ба ин қатор консерва, маҳсулоти баҳрӣ, қаннодӣ, инчунин воридоти афзояндаи маҳсулоти растанӣ дохил мешавад.
Дар давоми сол воридоти маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ қариб 25% афзудааст, ки 17,3 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии он ба беш аз 87,4 миллион доллар мерасад.
Барои муқоиса, ин рақам дар моҳҳои январ-марти соли 2021 беш аз 70 миллион долларро ташкил карда буд.
Маҳсулоти номбаршуда асосан аз Русия, Чин, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ворид карда мешаванд.
Шарикони асосии Тоҷикистон дар содироти коло маълум шуданд
Дар мавриди воридоти маҳсулоти растанӣ бошад, ҳаҷми воридот беш аз 96 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 беш аз 12,2 миллион доллар ё қариб 15 фоиз зиёд аст.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 бори нахуст дар 15 соли охир Тоҷикистон бартарии содирот нисбат ба воридотро ба даст овард: афзоиши беандоза аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо ба даст омад.
Ҷумҳурӣ аз фурӯши мол бештар аз 2 миллиард доллар даромад гирифт. Ин назар ба соли 2020 қариб 1 миллиард зиёд буд.
Шарикони аслии Тоҷикистон дар содироти коло дар соли 2022 Қазоқистон, Чин, Туркия, Ӯзбекистон ва Эрон мебошанд.