Яке аз 3 тамринот, ки низомиёни Русия бояд то 9-уми май анҷом диҳанд, аллакай баргузор шуд. Сокинону меҳмонони Маскав дар маркази пойтахт ҷамъ омаданд, то тамрини гузашти низомиёну техникаи ҳарбиро тамошо кунанд.
Гузашти навбатии низомӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ 9-уми май дар майдони Сурх дар назар аст. Соли равон 77-умин солгарди пирӯзӣ дар ҶБВ таҷлил мешавад.
Интизор меравад, ки то 9-уми май дар маҷмуъ 3 бор тамринот гузаронда шаванд, ки 2 мавридаш ҳанӯз дар пеш аст.
Тамриноти навбатии шабона 4 май ва машқи генералӣ 7 май дар нақша аст. Сокинони Маскав дар ин рӯзҳо метавонанд раванди тамринотро дар маркази пойтахт тамошо кунанд.
Имсол дар сафи пеши қатори техникаи низомӣ беҳтарин тонки Ҷанги бузурги ватанӣ - Т-34-85 қарор хоҳад дошт.
Маврид ба зикр аст, ки бори аввал гузашти низомии бахшида ба Рӯзи ғалаба 24 июни соли 1945 баргузор гардида буд. Онро маршал, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Константин Рокоссовский фармондеҳӣ мекард ва он аз тарафи ноиби сарфармондеҳ маршал Георгий Жуков пазируфта шуд.