ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Олмон бояд равобити иқтисодӣ бо Русияро барқарор кунад, дар мавриди интиқоли газ мувофиқат намояд ва ҳамла ба рублро қатъ кунад.
Дар ин бора узви Кумитаи Бундестаг дар умури сиёсати байналхалқӣ, раҳбари Ҳизби миллатгарои Олмон Тино Крупалла изҳор дошт.
Вай таъкид кард, амалҳои таҷовузкоронаи Аврупо Маскавро маҷбур намуданд, ки қарордодҳои интиқоли газро ба пули худӣ баргардонад.
Сиёсатмадор ба тарафдории барқарор намудани муносибатҳо бо Русия ба мақсади осон гардондани гуфтушунид сухан ронд.
"Ин ҳамла ба рубл Русияро маҷбур кард, ки пули газро бо рубл ситонад. Афзалият бояд эҳёи равобити иқтисодӣ барои мусоидат ба музокироти сулҳ бошад. Он гоҳ, албатта, мувофиқ кардани шартҳои пардохт осонтар мешавад", - гуфт Крупалла.
Ҳизби алтернатива барои Олмон соли 2013 таъсис ёфтааст.
Аъзои он аз идеологияи ростгароӣ пайравй мекунанд. Намояндагони ин ҳизб борҳо дар як қатор масъалаҳои мубрами худ бо Русия ҳамбастагӣ изҳор карда буданд.
Ҳамин тариқ Ҳизби алтернатива барои Олмон лағви таҳримҳоро талаб кард ва пофишорӣ ба ифтитоҳи лӯлаи гази "Маҷрои шимоли 2"-ро идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 23 март дастур дод, ки қарордодҳои интиқоли газ бо кишварҳои ғайридӯстро ба рубл гузаронанд.
Кишвардор таъкид кард, ки Маскав дигар доллар ва евроро асъори боэътимод намеҳисобад.
Қаблан "Bloomberg" навишта буд, ки аз 21 шарики аврупоии "Газпром"-и Русия 10 кишвар газро бо рубл мехаранд.