ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Теъдоди ваксинагирифтаҳо дар Тоҷикистон ба 5 млну 210 ҳазор нафар расид, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.
Ба иттилои вазорат, таносуби ваксинагирифтаҳо беш аз 93%-и аҳолии калонсоли ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Шумори онҳое, ки то ҳол ваксинаи дуюмро низ гирифтаанд, 5 млну 53,7 ҳазор нафар гуфта шуд. Дар баробари ин аллакай беш аз 2 млну 756 ҳазор тоҷикистонии болиғ такроран ва ё худ вояи сеюми ваксинаро гирифтаанд.
Дар Тоҷикистон, тибқи дастури Cитоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19, моякӯбӣ барои шахсони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Мақомот аз шаҳрвандоне, ки то ҳол моякӯбӣ нашудаанд, даъват кардаанд, ки барои ҳифзи саломатии худу наздиконашон ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намоянду ваксина гиранд.
Моякӯбии тоҷикистониён ройгон сурат мегирад, чун кишвар ба сифати кумаки башардӯстона беш аз 14,5 млн вояи ваксина алайҳи COVID-19-ро дарёфт кардааст.
Дар миёни ваксинаҳои дастраскардаи Тоҷикистон, аз ҷумла "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVak", "Moderna" ва "Pfizer" мебошанд.
Маврид ба зикр аст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сар аз нимаҳои моҳи феврал расман эълон кард, ки дар қаламрави кишвар ҳеҷ ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Аз оғози пандемия дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, беш аз 17,3 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 124 нафар фавтида, боқимонда шифо ёфтаанд.