Коҳиши ғайримунтазираи меъёри бозтамвил дар Русия

Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро ғайримунтазира аз ҳадде ки қаблан коршиносони молиявӣ пешбинӣ мекарданд, бештар поин бурда, 14% муқаррар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Меъёри бозтамвил дар Русия ба андозаи 3 банди фоизӣ поин бурда шуд, хабар дод Бонки марказии ФР.
"Шӯрои мудирони Бонки марказӣ 29 апрели соли 2022 қарор кард, ки меъёри бозтамвил ба андозаи 300 банди заминавӣ поин бурда шаваду дар ҳадди 14%-и солона муқаррар гардад", - омадааст дар иттилоия.
Даҳаи аввали моҳи апрел Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро аз 20 то ба 17% кам карда буд.
Қаблан коршиносон пешгӯӣ карда буданд, ки эҳтимол Бонки марказӣ дар ҳаҷми 2 банди фоизӣ меъёри бозтамвилро поин барад. Шӯрои мудирон ғайримунтазира ин меъёрро 3 банди фоизӣ поин бурда, то ба 14% расонд.
Устувории бесобиқаи рубл тайи моҳҳои охир. Арзиши доллар афтид
Бонки марказӣ дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина ва эълони таҳримоти густурда алайҳи Маскав меъёри бозтамвилро то 20% боло бурда, ҳадафи онро коҳиши таъсироти манфӣ ба иқтисоди мамлакат хонда буд.
Ниҳоди танзимкунандаи бахши молиявии Русия таъкид намуда, ки аз ҳисоби афзоиши меъёри бозтамвил пасандози шаҳрвандон аз беқурбшавӣ ҳифз гардид.
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.
Маврид ба зикр аст, дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ғарб таҳримотеро роҳандозӣ кард, ки низоми бонкиро низ фаро гирифт. Аз ҷумла бархе бонкҳои Русия аз низоми байналмилалии интиқоли пул хориҷ карда шудаанду қисме аз дороиҳои Бонки марказии Русия аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ баста шуданд.