ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Барои аввалин бор аст, ки Тоҷикистон маҳсулоти нассоҷии худро дар Намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва мӯди "UzTextile Expo Spring" дар шаҳри Тошканд ба намоиш гузошт, иттилоъ додааст Маркази тиҷорати байналмилалии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ дар дидорҳои В2В бо ҳадафи барқарор кардани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва тавсеаи имкониятҳои ҳамкорӣ иштирок кард.
Маркази тиҷорати байналмилалии Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар чорумин Намоишгоҳи байналмилалии "UzTextile Expo Spring" девораи Тоҷикистонро маҳсулоти се корхонаи ресандагӣ оро дод: “Гулистони Душанбе” (Душанбе) ва “Ортекс”-у “Раҳимов А. А.” (ҳар ду аз Хуҷанд).
“17 корхонаи дигар ҳам дар ҳайати Тоҷикистон ба намоишгоҳ барои боздид, омӯзиши равандҳои нав, харидории маводи хоми лозим, ба монанди риштаи омехта ва аксессуарҳо ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ дохил шуда буд”, - иттилоъ дод манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва ширкатҳои машваратии маҳаллӣ - ACT "Development” ва “Business Consulting Group” дар давоми ин сафар ҳайати Тоҷикистонро ҳамроҳӣ ва роҳбаладӣ карданд.
Ҳайати Тоҷикистон, ҳамчунин аз барномаи васеи тиҷоратӣ, ба монанди ҳамоишу вохӯриҳои сершумори тиҷоратӣ, намоишҳои мӯд, мастер-классҳо аз тарроҳони маъруф, коршиносони соҳа ва ғайра баҳра бардошт.
“Иштирок дар ин намоишгоҳ бароямон хеле ҳам муфид буд. Ин намоишгоҳ имкони хубе фароҳам овард, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаҳои мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозор ва бозори маҳсулоти хом барои худамонро тавсеа бахшем. Дар намоишгоҳ иттилооти зиёди лозим доир ба трендҳои замонавии соҳа низ дарёфт кардем”, - гуфт Абдурозиқ Орипов, мудири ширкати “Ортекс”.
"UzTextile Expo" – намоишгоҳи байналмилалии нодир ва вижаи соҳаи нассоҷӣ ва мӯд дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳар сол аз он бештар аз 9000 коршинос, соҳибкор ва тоҷир боздид мекунанд. Дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи нассоҷӣ ва мӯд аз истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ дар тамоми занҷираи истеҳсолот – аз нахи пахта то либоси тайёр ба маъраз гузошта мешавад. Чорабинӣ ҷиҳати дарёфти шарикон дар Ӯзбекистон, бозори калонтарини Осиёи Марказӣ бо бештар аз 34 миллион харидор кумак мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва мӯди "UzTextile Expo Spring" дар шаҳри Тошканд аз 27-ум то 29-уми апрел баргузор шуд.