Азсаргирии парвозҳои миёни Машҳаду Кобул

Ширкати ҳавоии “Ориёно” парвозҳои мустақими Кобул - Машҳад азсар гирифтааст. Ин ширкат мегӯяд, ки парвоз дар ин самт се рӯз дар ҳафта анҷом хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ҳасан Ҷаъфарӣ, мудири равобит умумии фурудгоҳи байналмиллалӣ Машҳад гуфт, ба дархости ширкати ҳавоии Афғонистон, парвозҳои Машҳад - Кобул аз ин пас илова бар ширкатҳои ҳавоии эронӣ аз тариқи ширкатҳои ҳавоии Афғонистон низ барқарор мешаванд.
Ҳасан Ҷаъфарӣ афзуд, парвози Кобул-Машҳад се рӯз дар ҳафта аз сӯи ширкати ҳавопаймоӣ “Ориёно” афғон анҷом хоҳад шуд.
Вай гуфт, тибқи дархости Афғонистон аввалин парвоз қарор аст 6 май анҷом шавад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мудири равобит умумии фурудгоҳи байналмиллалии Ҳошиминажоди Машҳад дар ҳоли озир парвозҳои масири Машҳад - Кобул тавассути теъдоди аз ширкатҳои эронӣ дар ҳоли анҷом аст.
Ширкати “Ориёно” парвозҳои Кобул - Маскавро оғоз кард
“Анҷоми парвоз дар ин масир тавассути ширкатҳои ҳавоии Афғонистон беш аз як сол аст, ки мутаваққиф шуда буд”, - гуфт ӯ.
Фурудгоҳи Ҳошиминажоди Машҳад пас аз фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон дувумин фурудгоҳи бузурги Эрон аст, ки ба таври миёнгин рузона 180 парвоз ва дар замони авҷи мусофиратҳо то 250 парвози вурудӣ ва хуруҷӣ дар он анҷом мешавад.
Ёдрас мекунем, ки ахиран Ширкати ҳавоии “Ориёно” эълон кард, ки парвозҳои мустақими Кобул - Маскавро азсар гирифтааст. Ин ширкат мегӯяд, ки рафт рӯзҳои душанбе ва баргашт сешанбе анҷом хоҳад шуд.