ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар Оренбурги Русия шаҳрванди 32-солаи тоҷикро ба таври бераҳмона дар яке аз ҷангалҳо қатл намуданд.
Раёсати тафтишоти вилояти Оренбург хабар медиҳад, ки ҷасади ӯро пайвандонаш шаби 26 ба 27 апрел дар як ҷангал, назди мошинаш пайдо намудаанд.
Бародари марҳум ба сойти маҳаллии "1743.ru" хабар додааст, ки бародараш дар Тоҷикистон таваллуд шуда, тақрибан 7-8 сол қабл ба Оренбург бо кулли хонаводааш кӯчида, дар ин ҷо хонаву ҳавлӣ харидааст. Ӯ аз ҳисоби таксиронӣ зиндагияшро пеш мебурд ва ягона саробони оила будааст.
Ба нақли бародари марҳум, ӯ бегоҳи 26 апрел барои харид кардани об ба мағоза рафт ва дигар барнагашт. Зимнан нимашаб ба додарарӯсаш занг зада кумак хостааст. Ӯ дар куҷо буданашро дақиқан гуфт, вале чун пайвандонаш ба он ҷо расиданд, ӯ аллакай ҷон дода буд.
Марҳум аз захмҳои шадиди корд дар қисмати рӯй ва қафаси сина фавтидаст.
Дар ҳамин ҳол Раёсати тафтишотии Оренбург хабар додааст, ки дар робита ба ин қазия парванда боз шудааст ва аллакай як нафар ҳамчун гумонбар дар қатли ин муҳоҷири тоҷик боздошт гардидааст.
Гуфта мешавад, муттаҳамро дар Бошқирдистон дастгир кардаанд ва феълан масъалаи интиқол ёфтани ӯ ба Оренбург баррасӣ мешавад.
Қаблан дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург ҷасади як таксирони дигари тоҷик пайдо шуда буд. Ҷасади ӯ дар ҳоле пайдо гардид, ки ҳалқаш бурида шуда, ҳамзамон чанд захми корд дар баданаш низ маълум буд.
Баъдан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, дар қатли ин таксирон як муҳоҷири 18-солаи тоҷик, ки дӯсташ буд, муттаҳам дониста мешавад. Феълан гумонбари ин ҳодиса дар боздошт қарор ва тафтишот дар ин хусус идома дорад.