Ҳукумати Суғд барои таҷлили Рӯзи ғалаба ним миллион сомонӣ ҷудо кардааст

Ин миқдор маблағ ба иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ ва ашхосе, ки дар ақибгоҳ дар солҳои ҷанг заҳмат кашидаанд, тақдим мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд барои ҷашни 77-солагии ғалаба бар фашизм барои қадршиносӣ аз иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ (солҳои 1941-1945) наздик ба ним миллион сомонӣ ҷудо намудааст.
Шавкат Алиев, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар Суғд гуфт, дар ин бора қарори раиси вилоят ба тасвиб расидааст.
Бино ба иттилои ӯ, барои таҷлил аз 77-солагии Рӯзи ғалаба ва қадршиносии иштирокчиёни ҶБВ ҳукумати Суғд 477 000 сомонӣ ҷудо намудааст.
Ин миқдор маблағ ба иштирокчиёни ҶБВ ва ашхосое, ки дар ақибгоҳ дар солҳои ҷанг заҳмат кашидаанд, тақдим мешавад.

“Тибқи ин қарор, ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ-и солҳои 1941-1945, ҳамсарони бесаробонмондаи онҳо 6000 сомонӣ ва ба шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ хидмати ҳарбии бенуқсон доштанд, ононе, ки дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат кардаанд, ба ҳар кадоме 3000 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад”, – гуфт Алиев.

Бино ба иттилои ӯ, рӯзи 8 май дар майдони "Ғалаба", дар Хуҷанд бо иштирокчи қаҳрамонони ҶБВ маросими гулчанбаргузорӣ ва гузашти ҳарбӣ дар назар дошта шудааст.
Дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" баргузор мешавад
Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат мегӯяд, ҳоло дар шаҳру навоҳии Суғд 19 иштирокчии ҶБВ ва 226 собиқадорони фронти ақибгоҳ давлати пирӣ меронанд.
Шавкат Алиев аз ду куҳнасарбоз ёдовар шуд, ки онҳо ба синни 101-солагӣ расидаанд.
Онҳо Саид Бердиев, сокини шаҳри Панҷакент ва Маъмурбек Раҳматов, зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, хушбахтона, сиҳҳати хуб доранд.