Русия ояндаи НАТО-ро зери суол мебарад

Коршиноси низомии амрикоӣ омилҳоеро номбар кард ва гуфт, ба ин далел Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ мавҷудияти худро зери суол мебарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар тӯли солҳои мавҷудияти худ НАТО тавонист мушкилоти зиёдеро ҷамъ оварад, ки аз ин сабаб ҳадафи ягонаи худ - имкони боздошти Русияро аз даст медиҳад.
Ба ин хулоса муовини собиқи вазири дифои Иёлоти Муттаҳида Ҷед Баббин дар матлабе дар маҷаллаи "The American Spectator" изҳори назар кардааст.
Коршинос қайд мекунад, ки баъзе мамлакатҳои аъзои НАТО аз сабаби сиёсати берунӣ хеле мушкилзо гардиданд. Вай Туркияро мисол меорад, ки дар воқеияти соли 2022 нисбат ба Вашингтон бо Маскав равобити наздиктар дорад.
Дар Туркия фурӯпошии НАТО-ро ба далели ғарби Украина пешгӯӣ карданд
Баббин чунин мешуморад, ки хуруҷи Анкара аз Паймони НАТО танҳо таҳкими НАТО дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад буд, аммо иттифоқчиёни дигар ин гузинаро баррасӣ намекунанд.
Ғайр аз ин коршинос боз як мушкили ҷиддиро қайд мекунад: бисёр аъзои иттиҳодия хароҷоти мудофиаро зиёд карда наметавонанд ва ё намехоҳанд.
Дар ин замина сухан дар бораи Олмон меравад, ки ба гуфтаи садри аъзам Олаф Шолтс, ҳарчанд ба таҷҳизоти низомӣ сармоягузорӣ карданӣ мешавад, татбиқи ин хеле кам аст, зеро кишвар ҳоло ба маҳсулоти тиҷоратӣ ва кишоварзӣ ниёз дорад, таъкид мекунад Баббин.

"НАТО, воқеан, ба кишварҳое тақсим шудааст, ки дар таъмини манобеи энержӣ аз Русия вобастаанд ва кишварҳое, ки аз он вобаста нестанд. Умуман ба далели вобастагии энержии худ аз Русия кишварҳои НАТО наметавонанд ба таҳдидҳои ҷониби Маскав вокуниш нишон диҳанд ва нахоҳанд дод", - изҳор дошт ӯ.

Муовини собиқи вазири дифои Амрико бар ин назар аст, ки дар шароити феълӣ интиқоли манобеи энержӣ барои бархе аз кишварҳои ин иттиҳодия бояд тағйир дода шавад, аммо барои ин на камтар аз 10 сол лозим аст.
Ҳамзамон раиси Кохи сафед Ҷо Байден бояд иттифоқчиёнро маҷбур кунад, ки барои дифоъ харҷ кунанд, аммо тавре Баббин қайд мекунад, ин масъала раисҷумҳури феълиро нисбат ба раҳбари пешини ин давлат Доналд Трамп хеле камтар нигарон мекунад.
Ояндаи НАТО дар норӯшанӣ қарор дорад, зеро мақсади асосии маҳор сохтани ИҶШС ва баъд Русия дар баробари хафвҳои чиддӣ мебошад, гуфтааст дар хотима муаллиф.