Пас аз панҷ бохт "Истиқлол" Лигаи қаҳрамонҳои AFC-ро бо пирӯзӣ бар "Шарҷа" тарк кард

Тими “Истиқлол”-и Душанбе пас аз бохтҳои пай дар пай дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC як пирӯзи ба даст овард, аммо мусобиқа бо ҳамин барояш поён ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии худ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар чаҳоргонаи “А” бар бошгоҳи “Шарҷа”-и АМА пирӯз омад.
Ин дидор дар шаҳри Риёз сурат гирифт ва бо ҳисоби 2:0 поён ёфт.
Ду голи бозиро футболбозони бошгоҳи душанбегӣ Эрик Бокум ва Владислав Касминин ба ҳадаф расониданд.
Ҳамин тариқ ба даври 1/8-и ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 аз гурӯҳи “А” дастаҳои “Ал-ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ар-раён” (Қатар) роҳ ёфтанд.
Аз минтақаи Ғарбӣ ба даври навбатии мусобиқаи бошгоҳҳои асосии Осиё "Аш-шабоб" (Арабистони Саудӣ), "Фулод" (Эрон), "Шабоб-ул-аҳлӣ" (АМА), "Ал-дуҳайл" (Қатар), "Ал-Файсал" (Арабистони Саудӣ) ва "Насаф" (Узбекистан) низ баромаданд.
"Истиқлол" - ро кӣ чашм кард ва ё чаро бошгоҳи номдор пайдарҳам мағлуб шуд
Маврид ба зикр аст, ки бошгоҳи "Истиқлол" дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи "А" аз дастаи "Ар-раён"-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.
Бошгоҳи тоҷикистонӣ бозии даври дуюми мусобиқаро бар "Шарҷа"-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 2:1 бохт.
"Истиқлол" дар даври сеюм аз дастаи "Ал-ҳилол"-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардид.
Дар марҳилаи чаҳорум бошад, боз аз тими "Ар-райян"-и Қатар 1:0 шикаст хӯрд ва тамоми шонс барои расидан ба давраҳои минбаъдаро аз даст дод.