Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ифтор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна гузашт? - акс

Ифтор бо ширкати намояндагони мақомоти ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак шоми 27 апрел дар чойхонаи "Баротбой"-и ҷамоати Овчӣ-Қалъача баргузор шуд
Sputnik
1 / 8

Дар ин мулоқот аз ду ҷониб 30 нафарӣ ширкат карданд.

2 / 8

Дар "оши оштӣ", аз ҷумла Зафарбек Давлатзода ва Алмазбек Раҳмонқулов, руасои ноҳияҳои наздимарзии Бобоҷон Ғафурови Суғд ва Лайлаки Бодканд, ҳамчунин мақомоти интизомиву қудратӣ ва масъулони идораҳои обу замин ширкат карданд.

3 / 8

Ҳадаф аз ин ифтори рамазонӣ ба таври мусолиматомез баррасӣ намудани масъалаҳои марзӣ, аз ҷумла истифодаи обу роҳу чарогоҳҳо мебошад.

4 / 8

Сокинони наздимарзӣ ба ҳамдигар даст дода, бо дидор муборакбод мегӯянд.

5 / 8

Ифтори сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон.

6 / 8

Ин ифтор бо ибтикори мақоомти ду давлат баргузор шудааст.

7 / 8

Ифтори сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон.

8 / 8

Ифтори сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон.

Мақомоти ноҳияҳои наздимарзии Суғду Бодканд сари суфраи ифторӣ гирди ҳам омада, ҳалли осоиштаи масъалаҳои марзиро баррасӣ карданд.
Ин дуюмин "оши оштӣ" миёни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.
Рӯзи 19 феврали соли ҷорӣ мақомоти ду ҷониб дар тӯйхонаи "Раъно"-и ноҳияи Лайлаки Қирғизистон “оши марзӣ” баргузор намуда буданд ва ба ҳисоби масъулони давлатӣ, мӯйсафедон низ дар он иштирок карданд.
Дар он дидор мӯйсафедони ҳар ду ҷониб изҳор кардаанд, ки бояд сулҳу дӯстӣ барқарор гардад ва марзҳо боз шаванд.
"Эҳтиёт кунед": тавсияи Қирғизистон ба Туркия барои фурӯши "Байрактар" ба Тоҷикистон
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз Исфара дуюмин ноҳияи марзии Суғд бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Ду ҷамоати калонтарини ин ноҳия: Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон марзи муштарак доранд.