Ҳамлаи мушакии артиши Украина ба бозори Донетск – видео

Артиши Украина ба бозори "Меркурий"-и шаҳри Донетск ҳамлаи мушакӣ анҷом дод, ки боиси марги се нафар ва захмӣ шудани панҷ тани дигар шудааст
Sputnik
Тибқи иттилои Ситоди нерӯҳои дифоии минтақаии ҶМД, дар ин ҳамлаи мушакӣ се нафар кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шудаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, минтақаи Кирови шаҳри Донетск аз ҷониби нерӯҳои Украина тавассути чилмилаи "Град" мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Цитата

"Ба бозор мушак афтид. Зане, ки фурӯшанда буд, даргузашт. Шумори захмиҳо зиёд аст. Ман соҳиби дӯкон ҳастам ва ин ҳам фурӯшандаи ман аст", - гуфт як шоҳиди ин ҳодиса.

Дар маҷмуъ, дар тӯли 71 рӯзи авҷ гирифтани ҷанг дар Ҷумҳурии Мардумии Донетск беш аз 2300 ҳамла аз сӯйи нерӯҳои Украина сурат гирифтаааст.
Гуфта мешавад, ки ба қаламрави ин ҷумҳурии худхонда дар ин давра бо истифода аз силоҳҳои мухталиф 23706 тӯпу мушак, аз ҷумла мушакҳои "Точка-У", "Смерч" "Ураган" ва "Град" партоб шудааст. Бар асари ин ҳамлаҳо 85 сокини осоишта кушта шудаааст.