Ҳафт миллиард доллар "ҳадя"-и Амрико ба толибон баъди хуруҷ аз Афғонистон

Расонаҳои амрикоӣ маълумоти ҳайратангезро дар бораи таҷҳизоти низомии Амрико, ки пас аз берун рафтан аз Афғонистон ба толибон мерос монданд, эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Артиши Амрико баъд аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон дар ин кишвар ба маблағи миллиардҳо доллар таҷҳизоти низомӣ боқӣ гузоштааст.
Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN бо такя ба гузориши Пентагон ба қонунгузорони амрикоӣ, ки ба дасти рӯзноманигорон расидааст, хабар дод.
Тибқи маълумоти ин санад, дар тӯли солҳои 2005-2021 Вашингтон ба Кобул ба маблағи 18,6 миллиард доллар кумаки низомӣ интиқол додааст. ВАО менависад, пас аз рӯйдодҳои моҳи августи соли 2021 таҷҳизот ба маблағи 7,12 миллиард доллар ба дасти толибон афтод.
Ин рақам аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ барои онҳо, мошинҳои ҳарбӣ, ҳавопаймоҳо, васоили мухобирот ва дигар таҷҳизотро шомил мешавад. Дар гузориш зикр шудааст, ки ИМА ният надорад, ба Афғонистон баргардад, то амволи партофташударо гирад ва ё нобуд кунад.
Амрико: ДИИШ* дар бахшҳое аз Афғонистон ҳузури фаъол дорад
Ёдовар мешавем, ки тасмим дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон 14 апрели соли 2021 аз ҷониби президенти кунунии ИМА Ҷо Байден гирифта шуда буд. Ин амалиёт тӯлонитарин маъракаи низомии Амрико дар таърихи ин кишвар шуд ва беш аз 20 сол идома кард.
Кӯчондани ҳайати низомӣ ва техника аз моҳи майи соли 2021 оғоз шуда, дар авоили моҳи сентябр ба анҷом расид. Дар авҷи худ дар солҳои 2010-2013 дар ин кишвар беш аз 150 ҳазор нафар низомиёни амрикоӣ ҳузур доштанд, аммо воҳидҳои асосии ҷангӣ ин кишварро дар соли 2014 тарк карданд.
Чанде пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико толибон амалиёти густардаеро барои таъсиси ҳукумати нав дар Афғонистон оғоз карданд. Аллакай 15 август президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба хориҷ фирор кард ва толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.