ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. "Давлати исломӣ"* дар Афғонистон 98% нобуд карда шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ин кишвар, ки аз ҷониби толибон ташкил шудааст, хабар дод.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони ин ниҳод қайд карданд, ки ин гурӯҳ дигар барои кишвар хатаре надорад.
"Иморати исломӣ (номи худхонди ҳукумати толибон - шарҳ аз идора) иҷоза намедиҳад, ки ДОИШ* ё ягон гурӯҳи дигар бо ҳукумат мухолифат кунанд ва ба кишварҳои дигари ҷаҳон таҳдид намоянд", - таъкид кардааст Вазорати хориҷаи Афғонистон.
Моҳи январи соли 2022 радикалҳо гуфта буданд, ки раҳбари пешини бахши ДОИШ* - "Вилояти Хуросон"* Аслам Форуқиро нобуд карданд.
Дар ҳамин ҳол теъдоде аз расонаҳо таъкид кардаанд, ки ин ҷангҷӯ бар асари низоъҳои дохилӣ кушта шудааст.
Бояд қайд кард, ки ДОИШ* бо мақомоти кунунии Афғонистон рақобат мекунад. Толибон алайҳи террористон амалиёти густурда оғоз карданд. Онҳо ҷангҷӯёнро боздошт ва эъдом мекунанд.
Дар навбати худ ДОИШ* ҳамларо давом медиҳад. Дар баъзе аз шаҳрҳо онҳо борҳо мошинҳои толибонро нобуд кардаанд.
Илова бар ин "Давлати исломӣ"* пайваста дар Афғонистон ҳамлаҳои бузурги террористӣ ташкил мекунад, ки қурбониёни он шаҳрвандони осоишта мебошанд.
Ҳамин тариқ ин гурӯҳ масъулияти таркиши ахир дар масҷиди Мазори Шарифро бар уҳда гирифт. Теъдоди кушташудагон ба 30 нафар ва захмиён ба 80 нафар расида буд.
Бо вуҷуди изҳороти баланди толибон дар бораи аз байн бурдани ДОИШ* СММ иддаои баръакс дорад.
Авоили моҳи март муовини дабири кулли ин созмон, раиси Дафтари мубориза бо терроризми СММ Владимир Воронков эълом дошт, ки ин ҷунбиш ҳузури худро дар Афғонистон ду баробар афзоиш додааст.
Дар баробари ин гурӯҳи дигари террористии "Ал-қоида*-ро ҳукуматдорони ҳозира тамоман назорат намекунанд, қайд намуд ӯ.
Аз афзоиши шумори иштирокчиёни ДОИШ*, раиси Вазорати дифои Русия Сергей Шойгу низ хабар дод.
Вай аз эҳтимоли истифодаи силоҳҳои боқимондаи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ дар Афғонистон аз сӯйи террористон изҳори нигаронӣ кард.
* - ташкилотҳои террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон манъ шудаанд.