Тоҷикистониён дар моҳи май чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Имсол дар моҳи май тоҷикистониён ду ҷашни бузург Рӯзи ғалаба ва Иди Рамазонро таҷлил мекунанд. Дар рӯзҳои таҷлил аз ин ҷашнҳо тоҷикистониён таътил доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Мардуми Тоҷикистон бо назардошти ҷашнҳои Рӯзи ғалаба ва Иди Рамазон дар моҳи май 11 рӯз истироҳат мекунанд.
Тибқи қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад.
Вале имсол ҳам Иди Рамазон ва ҳам Рӯзи ғалаба ба 9 май - рӯзи душанбеи ҳафта рост меоянд, ки мувофиқи қонун, рӯзҳои 2 ва 9 май дар Тоҷикистон таътил мебошанд.
Бино ба маълумоти Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Иди Рамазон дар Тоҷикистон ба рӯзи 2 май рост меояд ва ин рӯз низ тибқи қонун рӯзи истироҳат аст.
Зимнан, дар моҳи май, шаҳрвандони Тоҷикистон 11 рӯз: 1, 2, 7, 8, 9, 14, 15, 21, 22, 28 ва 29 истироҳат мекунанд.
Эълони рӯзи Иди Рамазон ва вақти намоз дар Тоҷикистон
Ногуфта намонад, ки дар Тоҷикистон соли 2016 Қонуни рӯзҳои ид ислоҳ ва тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ дахл дошт.
Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, лекин бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.
Тақвими рӯзҳои иди соли 2022 дар Тоҷикистон
Дар баробари идҳое, ки барои тоҷикистониён истироҳатӣ мебошанд, бархе аз идҳои касбӣ дар моҳи май бидуни таътил ҷашн гирифта мешаванд.

Рӯзҳои иди бидуни истироҳат дар моҳи май

1 май - Рӯзи байналмиллалии якдилии меҳнаткашон
4 май - Рӯзи кормандони мақомоти андоз
7 май - Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа
12 май - Рӯзи шашмақом
23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
28 май - Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ
Ёдрас менамоем, мардуми Тоҷикистон имсол дар моҳи март, ки замони таҷлил аз яке аз идҳои бузурги кишвар - Ҷашни Наврӯз аст, 13 рӯз истироҳат карда буданд.