Теъдоди гурезаҳо дар Русия аз Донбассу Украина аз 1 млн нафар гузашт

Тайи шабонарӯзи охир аз тариқи гузаргоҳҳои марзии вилояти Ростов беш аз 13 ҳазор гуреза аз минтақаҳои даргир вориди хоки Русия шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Шумораи гурезаҳое, ки аз Украина ва ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ба Русия омадаанд, аз 1 млн нафар гузашт, хабар дод РИА "Новости" аз қавли манбааш дар мақомоти изтирорӣ.
"Ба ҳолати 06:00-и 27 апрел теъдоди онҳое, ки аз ҶХД, ҶХЛ ва Украина вориди Русия шуданд, 1 млну 4 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки ҳудуди 182 ҳазор нафарашон кӯдак мебошанд", - изҳор дошт мусоҳиби хабаргузорӣ.
Мақомоти марзбонии Хадамоти амнияти федералӣ дар вилояти Ростов изҳор доштанд, ки тайи шабонарӯзи гузашта ҳудуди 13,5 ҳазор нафар вориди ин кишвар шудаанд.
Дар ҳамин ҳол ба ҳолати 26 апрел кумаки яквақта дар ҳаҷми 10 ҳазор рубл ба 120 ҳазор гуреза пардохт шудааст. Дар маҷмуъ 223 ҳазор дархост ворид гардидааст, афзуд манбаъ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия аввалин гурезаҳоро аз Изюми вилояти Харков берун овард
Ахиран комиссари олии паноҳандагони СММ иттилоъ дод, ки аз замони оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ҳудуди 5,2 млн украинӣ ин кишварро тарк кардаанд. Ҳамчунин СММ эълом кардааст, ки беш аз 7,7 миллион украинӣ дар дохили ин кишвар овора шудаанд.
Интиқоли васеи шаҳрвандон аз Донбасс нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ оғоз гардид. Баъдан Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.