ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сарқонуни Ҷумҳурии Қазоқистон мақоми элбасии нахустин президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев эътибори худро аз даст хоҳад дод.
Дар ин бора хабаргузории Sputnik Қазоқистон бо такя ба раиси маҷлис (палатаи поёнии парлумон - Sputnik) Ерлан Кошанов хабар додааст.
"Тағйирот мақоми элбасиро истисно мекунад. Нақши Назарбоев ҳамчун асосгузори давлат дар Қонуни Асосӣ боқӣ мемонад. Пас аз тасвиби ин меъёр қонуни конститутсионӣ дар бораи президенти аввал низ эътибори худро гум мекунад", - гуфт Кошанов дар ҳошияи нишаст.
Вай тавзеҳ дод, ки тағйироти конститутсионӣ феълан дар Шӯрои конститутсионӣ қарор доранд.
Раиси маҷлис ҳамчунин гуфт, дар Қонуни Асосии феълӣ меъёр дар бораи президентҳои собиқ мавҷуд аст, ки он боқӣ мемонад ва мутаносибан ба раисҷумҳури аввал тааллуқ дорад.
Кошанов таъкид кард, ки то ҳол тасмими мушаххасе дар бораи ислоҳи Қонуни асосӣ - тавассути раъйпурсӣ ё тавассути парлумон гирифта нашудааст.
Вай тавзеҳ додааст, ки Нурсултон Назарбоев бар асоси Қонун дар бораи президентҳои собиқ аз нафақа, ҳимояти давлатӣ ва ҳимояи шаъну шараф бархурдор хоҳад буд.
Кошанов ҳамчунин гуфт, муқаррароте, ки раисҷумҳури аввал ва наздиктарин аъзои хонаводааш ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд, истисно хоҳад шуд.
Қаблан расонаҳои Қазоқистон навишта буданд, ки ба нахустин президенти ин кишвар расман мақоми "асосгузори Қазоқистони мустақим" дода мешавад. Ин тасмимро гурӯҳи корӣ, ки ҳоло бо супориши раисҷумҳури Қазоқистон ба ислоҳоти Сарқонун машғуланд, қабул кардааст.
Нурсултон Назарбоев тақрибан 30 сол Қазоқистон раҳбариро кард. Ӯ 20 марти соли 2019 аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Ҳамзамон баъдан ӯ мақоми раиси Шӯрои амният, раҳбари Ҳизби "Нур Отан" ва раиси Ассамблеяи мардуми Қазоқистонро нигоҳ дошт.
Дар соли 2021 Назарбоев эълом дошт, ки аз курсии раиси АМҚ канор рафта, салоҳиятҳояш дар онро ба раҳбари кунунии Қазоқистон вогузор кард.
Назарбоев 5 январи соли 2022 ваколатҳои раиси Шӯрои амниятро ба Тоқаев вогузор кард.