Ҳушдори Путин аз зарба ба онҳое, ки аз берун ба Украина дахолат мекунанд - видео

Русия аз василаҳои зарбазание бархӯрдор мебошад, ки айни ҳол ҳич касе дар ҷаҳон монанди онҳоро надорад, изҳор дошт президенти ФР
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Агар касе нияти дахолат ба вазъият дар Украина аз берунро дорад ва хатарҳои стратегӣ барои Русияро эҷод кунад, посухи барқосо хоҳад гирифт, изҳор дошт Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои мақомоти қонунгузор.
Путин афзуд, дар аввали амалиёти низомӣ дар Украина гуфта буд ва ҳоло ҳам такрор мекунад, ки агар касе қасди дахолат ба қазия аз берунро дорад, ҷавобашро мегирад.
"Мо барои ин тамоми василаҳоро дорем. Аз чунин воситаҳо дар ҷаҳон айни ҳол ҳич кас бархурдор нест. Мо агар даркор шавад, аз ин имкониятҳо истифода хоҳем кард", - афзуд президент.
Вай таъкид кард, ки қарорҳо дар сурати эҷоди хатари стратегӣ аллакай қабул шудаанд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Лавров аз хатарҳои ҷанги ҳастаӣ гуфт - видео
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.