ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо имзои як қарор рӯзи баргузории Иди Рамазонро расман 2 май муқаррар кардааст.
Қарори Шӯрои уламо рӯзи 27 апрел қабул шуд. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи душанбе 2-юми май рост меояд", - гуфтааст Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Вақти баргузории намози ид соати 6:00 муқаррар шудааст.
Манбаъ афзуд, имомхатибон вазифадор шуданд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ намунаи ибрати дигарон бошанд.
Ёдрас менамоем, ки тибқи ҳисоби исломӣ, имсол нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки 875 сомонӣ аз он закот дода мешавад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам мешаванд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.