ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми май ҳайати занони ҳарбии пойгоҳи низомии Русия ба раҳпаймоии тантанавӣ ҷалб карда мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ (ҲМҲ) хабар додааст.
"Рӯзи 9 май барои нахустин бор як ҳайати паради иборат аз занони низомии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар раҳпаймоии тантанавии бахшида ба таҷлили 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат хоҳад кард", - омадааст дар хабар.
Ҳавзаи марказии ҳарбӣ қайд кард, ки дар Рӯзи ғалаба духтарон бо либоси низомии бо наворҳои георгӣ ороёфта раҳпаймоӣ мекунанд.
Машғулиятҳо ва машқҳо аллакай оғоз ёфтанд. Дар раҳпаймоии тантанавӣ дар маҷмуъ беш аз 60 нафар аз низомиён ширкат мекунанд.
Қаблан ихтиёриён ва хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ, шанбегӣ баргузор карда буданд.
Чунин чорабиниҳо дар қабристонҳои низомиёни қаламрави Тоҷикистон ҳамасола баргузор мешаванд.
Дар шанбегӣ шахсан фармондеҳи пойгоҳи низомии 201, полковник Евгений Ковилин ва сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ширкат карданд.
Дар маҷмуъ пеш аз Рӯзи ғалаба дар покиза кардани гирду афтори оромгоҳ беш аз 200 нафар аз вазорату идораҳо ва созмонҳои ҷамъиятии мухталифи Тоҷикистон ширкат карданд.
Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст.
Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.