ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Равобити Русия ва Ғарб амалан дар бунбаст қарор доранд, гуфт сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова.
"Он қадар корҳои бад ва манфӣ анҷом дода шуданд, ки муносибатҳои байналмилалиро халалдор карданд. Агар минбаъд аз ҳамин усул истифода баранд, оқибатро худашон медонанд, ба бунбаст меорад. Амалан ба бунбаст ниҳоят наздик омадаем", - қайд намуд Захарова дар барномаи "Радио Россия".
Қаблан сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов гуфта буд, дар кори сафорати ин кишвар дар ИМА аз ҷониби мақомоти Вашингтон монеа эҷод мешавад.
"Дар воқеъ, сафоратхона аз ҷониби ниҳодҳои давлатии ИМА муҳосира шудааст, суратҳисоби ду консулгарии генералии мо дар Ҳюстон ва Ню-Йорк аз ҷониби "Bank of America" баста шудааст. Мо ҳам тавассути телефон таҳдидҳо мегирем ва ҳам мактубҳо меоянд... Як вақт ҳатто баромад аз сафорат баста шуд”, - гуфт ӯ дар телевизиони “Россия 1”.
Аз ин пеш сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов дар мусоҳиба бо "Politico" гуфта буд, ки Русия ва ИМА дигар шарик нестанд.
Ба гуфтаи вай, худи мақомоти Амрико бояд тасмим бигиранд, ки Русия барои онҳо кист – шарик, рақиб, мухолиф ё душман.
Кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти низомии Русия дар Украина алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кардаанд. Шуморе аз ширкатҳо аз хуруҷи худ аз бозори Русия ва бастани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин кишвар хабар доданд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ширкатҳое, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, ин корро зери фишори шадид анҷом доданд, аммо Русия ҳама мушкилотро ҳал хоҳад кард.