ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Сиёсати зиддирусиягии Ғарб як омили наздикшавии Маскаву Пекин гардид. Дар ин бора муовини раиси Вазорати корҳои хориҷии Русия Игор Моргулов изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Русия ва Чин аллакай аз рӯи форматҳои ҳамкорӣ кор мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад, ба тағйироти ҷории ҷаҳонӣ мутобиқ шаванд.
"Аз эҳтимол дур аст, ки маҳз ҳамин чизро меъморони он ба даст овардан мехостанд, аммо далел рӯшан аст: рӯйдодҳои ҷорӣ, бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байни кишварҳои мо мусоидат мекунанд", - таъкид кард дипломат.
Илова бар ин муколамаи сиёсии дуҷониба бо мазмуни нав пур шуда истодааст, кишварҳо қадамҳои минбаъдаро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамоҳанг мекунанд, гуфт Моргулов.
Қаблан сафири Русия дар Чин Андрей Денисов гуфта буд, ки Маскав ва Пекин тасмим доранд, ҳамкориҳоро дар бахши кайҳонӣ густариш диҳанд.
Ин, гуфт ӯ, ба рӯҳи инкишофи ҳамкории ҳаматарафаи Русияю Чин дар давраи нав мувофиқ аст.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энержӣ, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказии Русияро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз низоми SWIFT ҷудо кард. ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро маҳдуд кард ва баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид намуд.
Инчунин бисёре аз брендҳои хориҷӣ кор дар Русияро боздоштанд.