Қатъи обрасонӣ дар Хуҷанд: кай ва дар кадом кӯчаҳо

Дар чанд кӯчаи шаҳри Хуҷанд интиқоли об қатъ мешавад ва масъулони "Хуҷандводоканал" аз сокинон хоҳиш карданд, ки обро захира намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар чанд кӯча ва маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд интиқоли об муваққатан қатъ мегардад, хабар медиҳад "Sugdnews" бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии "Хуҷандводоканал".
Маҳдудияти обтаъминкунӣ аз сабаби анҷоми корҳои таъмирӣ сурат мегирад.
"Дар ноҳияҳои алоҳидаи маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ шудааст", — омадааст дар хабар.
Ҳамин тавр, аз соати 8:00-и рӯзи 27 апрел ба далели таъмири истгоҳи "Нав" дар иншоотҳои обтаъминкунии "4", "4а" об қатъ мешавад.
Маҳдудиятҳо ба навоҳии соҳили рост - 1, 2, 4, 5, 8, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, кӯчаи 80-солагии Душанбе ва маҳаллаи Бешкапа дахл доранд.
Об кам аст: Тоҷикистон дар деҳаҳои ҳаммарз бо Қирғизистон чоҳҳои амудӣ меканад
Дар бораи замони азсаргирии интиқоли об то ҳол хабар дода нашудааст.
"Хуҷандводоканал" аз сокинони маҳаллаҳои дар боло зикргардидаи шаҳри Хуҷанд хоҳиш мекунад, ки оби ошомиданӣ захира кунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, соҳили рости дарёи Сир аз камбуди оби ошомиданӣ нигаронанд.
Ба гуфтаи шаҳрвандон, вақт ва суръати обрасонӣ хеле кам шудааст.