ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод мақоми шаҳракро гирифт, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бо пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Мискинобод табдил дода шуд.
Инчунин бо қарори ҳукумат ба ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод мақоми шаҳрак дода шуда, номи он ба “30-солагии Истиқлол” иваз гардид.
Интизор меравад, ки тағйироти мазкур дар ҷойномҳои ноҳияи Файзобод баъди қарори Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумони кишвар мавриди амал қарор гирад.
Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, мутобиқати мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ҷумҳурӣ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ омӯхта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории иборат аз намояндагони мақомоти бахши забон, идораи замин, рушди маҳал, геология ва олимони бахши забону таърих беш аз 12,5 ҳазор номи маҳаллаҳои аҳолинишину мавзеъҳои ҷуғрофиро мавриди омӯзиш қарор дод.
Ба гуфтаи раиси кумита, дар пайи омӯзиш 4 ҳазору 833 номеро ошкор намуданд, ки ғайримеъёрӣ, ба муқаррароти Қонуни забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд.
Ӯ тавзеҳ дод, ки дар феҳрасти номҳои ғайримеъёрӣ он ҷойномҳое мебошанд, ки дар замони шӯравӣ номҳои таърихии тоҷикӣ ба шакли нодуруст ё ба шакли ғайритоҷикӣ гардонда шуданд. Муҳамммадзода гуфт, дар асоси омӯзиши маводи таъриию ҷуғрофӣ, номи асили бархе маҳаллаю мавзеъҳо барқарор гардид.