ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Тағйирот дар сиёсати "Twitter" дар сурате имконпазир аст, ки агар он аз доираи ҳуқуқии амрикоӣ хориҷ шавад, изҳор дошт ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар саҳифааш дар "Telegram".
Ба гуфтаи Медведев, баъди ба дасти соҳибкор Илон Маск гузаштани "Twitter" тағйироти ҷиддиро набояд дар назар дошт.
"Харидуфурӯши шабакаҳо бо пули калон, вақте ба ҷои як молик дигаре меояд, чизеро тағйир намедиҳад. Чун ҳоло на танҳо соҳибон қоидаҳои кори онҳоро муайян мекунанд", - афзуд манбаъ.
Вай изҳори бовар намудааст, ки ҳеҷ шабакаи иҷтимоӣ қодир нест, авзои давлатеро, ки дар қаламрави он сабт шудааст, сарфи назар намояд.
Ба ҳамин далел Медведев таъкид намудааст, ки "Twitter" тағйир намеёбад, демократитару боадолаттар нахоҳад шуд. Вай ягона шарти тағйиротро хориҷ шудани шабака аз ҳадди амали қонунгузории ИМА хондааст.
Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки буёндгузори ширкати "SpaceX" ва "Tesla", Илон Маск "Twitter"-ро ба ивази 44 млрд доллар харидорӣ мекунад. Маск 4 апрел иттилоъ дода буд, ки 9,2%-и саҳмияҳои "Twitter"-ро дар даст дорад ва 14 апрел афзуд, ки ният дорад, 100%-и саҳмияҳои шабакаи мазкурро бо нархи 54,2 доллар барои як адад харад.
Гуфта мешавад, ҳамин ки соҳибкор тавонист бо Шӯрои мудирони ширкат дар мавриди фурӯш мувофиқат кунад, саҳмияҳои шабакаи иҷтимоӣ дарҳол 5,7% боло рафта, ба 51,70 доллар расид.
Тибқи навиштаҳои як қатор нашрияҳо, саҳҳомон барои ҳар як саҳмия 54,20 доллар мегиранд, аммо ҳамзамон ин нарх аз 70 долларе, ки "Twitter" дар соли 2021 муомила карда буд, хеле поинтар аст.
Барои харидани "Twitter", Маск 21 миллиард доллар - маблағҳои шахсӣ ҳамчун сармояи саҳҳомӣ ҷудо кард ва 25,5 миллиард доллари дигар барои соҳибкор бар ивази гарави саҳмияҳои "Tesla" аз ҷониби гурӯҳи бонкии "Morgan Stanley" ҷудо карда шуд.