ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Душанбе ва Боку қасд доранд, парвозҳои мустақим боз кунанд, гузориш медиҳад "Trend".
Дар ин бора Рустам Солӣ, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар як чорабинӣ бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатии ду кишвар ибрози назар кард.
Ба гуфтаи дипломат, мақомоти ду кишвар раванди ифтитоҳи хатсайри мустақим дар масири Душанбе - Боку ва бозгаштро баррасӣ мекунанд.
Сафир дар баробари азсаргирии ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни пойтахтҳои ду кишвар гуфт, ки имконоти нав барои афзоиши гардиши мол миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
"Барои афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар зарфияти бузург вуҷуд дорад. Фикр мекунам, ифтитоҳи хатсайри мустақими тиҷоратӣ низ ба афзоиши гардиш мусоидат мекунад", - гуфт Рустам Солӣ.
Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки Тоҷикистон парвозҳо бо Ҳиндустон ва Эронро аз сар мегирад. Ҳавопаймоҳои кишварҳо пас аз танаффуси дусолаи марбут ба пандемия аз коронавирус ба парвоз шуруъ мекунанд.
Ширкати "Сомон эйр" аллакай интиқоли мусофирон ба Деҳлӣ ва аз Деҳлӣ ба Душанберо оғоз кардааст.
Ҳамин тариқ парвозҳои масири Душанбе - Теҳронро ширкати "Iran Air" анҷом медиҳад, аммо санаи дақиқи парвози аввал то ҳол мушаххас нашудааст.
Илова бар ин Тоҷикистон дар ояндаи наздик теъдоди парвозҳои мунтазам ба Алмаато, Дубай, Истанбул, Тошканд ва шаҳрҳои мухталифи Русияро афзоиш хоҳад дод. Қарор аст, теъдоди парвозҳо ба Қазоқистон аз 1 май то аввали июн афзоиш ёбад.