Чин: Касе Ҷанги сеюми ҷаҳониро намехоҳад

Вазорати умури хориҷии Чин аз ҷонибҳои дахлдори низоъ дар Украина даъват кард, ки аз хештандорӣ кор бигиранду ба паҳншавии даргирӣ роҳ надиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Набояд низоъ дар Украина шиддату густариш ёбад, ҳеч кас намехоҳад, ки Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ оғоз шавад, изҳор доштааст намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин Ван Вэнбин.
"Касе нест, ки оғози Ҷанги сеюми ҷаҳониро бихоҳад. Мо умедворем, ки ҳамаи ҷонибҳо аз оромию хештандорӣ кор мегиранд, то аз ташаннуҷи вазъ ҷилавгирӣ кунанду ҳарчи зудтар сулҳ ҳосил шавад", - гуфтааст дипломат.
Намояндаи Чин дар шароити феълӣ муҳим хондааст, ки ҳамаи тарафҳо пеш аз ҳама аз муколама кор бигиранд, то ба паҳншавӣ ва тӯл кашидани даргирӣ роҳ надиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, бархеҳо ба таври сунъӣ хатари ҷанги ҳастаиро бузург карда истодаанд, ки ин хатарро набояд нодида гирифт.
Захарова равобити Русия ва Ғарбро наздик ба бунбаст номид
"Боз мегӯям, чунин эҳсос мешавад, ки Ғарб мехоҳад, Украина ҷангро идома диҳад, то тавре онҳо ба хато фикр мекунанд, артиши Русия ва маҷмаи ҳарбӣ-саноатии Русияро заиф созанд. Ин як хаёл аст", - гуфт Лавров.
Вазири умури хориҷии Русия таъкид намуд, ки дар ҳеҷ як шароит ба Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ роҳ додан мумкин нест.
Вай афзуд, маҳз аз ин зовия иғвоҳои доимии раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ва тими ӯ баррасӣ мешаванд, ки "қариб ворид кардани нерӯҳои НАТО барои ҳифзи ҳукумати Украинаро" талаб доранд.
Ҳамзамон Лавров қайд кард, ҳамаи раҳбарони кишварҳои НАТО иштироки ин паймонро дар як даргирии мустақим бо Русия истисно мекунанд, ба ҷуз раҳбарияти Лаҳистон.