ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Евгений Иванов, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ки пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина ҳудуди 400 дипломати рус аз 28 кишвари ғарбӣ ихроҷ шуданд.
"Дар баробари ҷорӣ кардани таҳримҳо ихроҷи дипломатҳо ба як усули дӯстдоштаи муҷозоти Маскав табдил ёфт. Ин аз санаи 23 феврал оғоз нашудааст, балки хеле пештар шуруъ шуда буд. Аммо аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ҳудуди 400 дипломати рус аз 28 кишварҳои ғарбӣ ихроҷ шуданд”, - гуфт Иванов дар маҷлиси комиссияхои Шӯрои Федерация дар умури истиқлоли давлатӣ.
Ёдарс мекунем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.