ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Рӯзноманигор Владимир Соловёв дар шарҳи хабарҳо аз тарҳи суиқасд ба ҷонаш изҳор дошт, ки фикр мекунад, дар ин қазия раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский даст дорад.
Ӯ ин нуктаро дар суҳбат бо РИА "Новости" баён дошта, афзуд, ки рӯзноманигори "дӯстдошта"-и Зеленский аст.
"Фикр мекунам, ин бевосита бо Зеленский рабт дорад, чун борҳо ошкоро таҳдид кардааст, чандин бор насабамро зикр намуда буд. Зоҳиран рӯзноманигори "дӯстдошта"-аш мебошам. Барои кадом коре ӯро нороҳат мекунам", - гуфт Соловёв.
Ӯ афзуд, ҳич ҳолати таъқиби худро мушоҳида накардааст ва инро далели хеле касбӣ кор кардани мақомоти дахлдори Русия хондааст.
Рӯзноманигор инчунин таъкид кардааст, ки дар пайи таҳдидҳои раисҷумҳури Украина барои таъмини амнияташ бархе чораҳо андешид.
Ахиран Хадамоти федералии амният аз ошкор шудани суиқасд ба ҷони рӯзноманигори шинохта Владимир Соловёв хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, суиқасд дар пайи амалиёти муштараки кормандони мақомоти федералии амният ва Кумитаи тафтишотии Русия ошкор шудааст.
"Гуруҳи аъзои созмони террористии миллатгарои мамнуъ дар Русия, "Cотсиализми миллӣ/Нерӯи сафед"* ният доштаанд, фаъоли ҷамъиятӣ, рӯзноманигори шинохта, Владимир Соловёвро кушанд", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Мақомот мегӯянд, ин ҷиноят бо дастури Хадамоти амнияти миллии Украина тарҳрезӣ шуда, аз боздоштшудаҳо лавозимоти ҷангию адабиёт мусодира гардидааст.
*-созмони террористии мамнуъ дар Русия