Ба Назарбоев мақоми нави давлатӣ дода мешавад

Мақоми нахустпрезидент ҳамчун асосгузори Қазоқистони соҳибистиқлол метавонад дар Қонуни Аосии давлат қайд карда шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев расман "асосгузори Қазоқистони мустақил" мешавад.
Ин тасмимро гурӯҳи корӣ, ки ҳоло бо супориши раисҷумҳур Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба ислоҳот ба Қонуни Асосӣ машғул аст, қабул кардааст.
Ба дунбол мақоми нави Назарбоев дар Сарқонуни навшудаи ин кишвар сабт хоҳад шуд. Дар ин бора яке аз аъзои гурӯҳи корӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ Ермек Абдрасулов ​​хабар дод.

"Ба фикрам, ин аҳамияти бузург хоҳад дошт, зеро он арзандаҳо, он далели объективии мавҷудбударо шумо ҳама дидед, тамоми ҷаҳон ҳам дид ва он дар Конститутсия сабт хоҳад шуд", - гуфт Абдрасулов.

Ҳуқуқшинос ҳамчунин афзуд, ки мақоми муассиси Қазоқистони соҳибистиқлол бояд дар Қонуни Асосии давлат муайян карда шавад ва ба қонунҳое, ки ин қоидаро мушаххас мекунанд, истинод кунад.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар Қазоқистон Қонуни конститутсионии "Дар бораи президенти нахустини Қазоқистон – элбасӣ" амал мекунад.
Тибқи таърифҳои дар ҳуҷҷат пешбинишуда, элбасӣ асосгузори давлати нави мустақили Қазоқистон мебошад, ки ягонагии он, ҳифзи Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин кардааст.
Поёни қудрати элбасӣ: Назарбоев аз мақоми раҳбарии якумрии Шӯрои амният маҳрум шуд
Ҳамин тариқ дар сурати қабул шудани тағйироти нав қонун дар бораи президенти нахустинро метавон аз ҷиҳати назариявӣ қайд кард. Аммо дар баробари ин дар Конститутсия моддаи алоҳида бахшида ба элбасӣ пайдо мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Нурсултон Назарбоев тақрибан 30 сол Қазоқистон раҳбариро мекард. Ӯ 20 марти соли 2019 аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Ҳамзамон баъдан ӯ мақоми раиси Шӯрои амният, раҳбари ҳизби "Нур Отан" ва раиси Ассамблеяи мардуми Қазоқистонро нигоҳ дошт.
Дар соли 2021 Назарбоев эълом дошт, ки аз курсии раиси АМҚ канор рафта, салоҳиятҳоро ба раҳбари кунунии Қазоқистон вогузор мекунад.
Назарбоев 5 январи соли 2022 ваколатҳои раиси Шӯрои амниятро ба Тоқаев вогузор кард.