Чун Шакира суруд: модели тоҷик аз рӯҳияи варзишии "Истиқлол" дастгирӣ кард

Модел ва овозхони тоҷик Карина Комил тасмим гирифт, ки футболбозони тоҷики тими "Истиклол"-ро дастгирӣ кунад ва ба бозии онҳо омад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар шаҳри Риёз бозии панҷумро анҷом дод.
Бозингарон бо ҳисоби 0:1 аз дастаи "Ал-Райян"-и Қатар шикаст хӯрданд.
Модели тоҷик Карина Комил, ки солҳои ахир дар Арабистони Саудӣ ба сар мебарад, низ барои тамошои набарди варзишӣ омадааст. Боздид тасодуфӣ набуд, зеро қаблан духтар гимни махсуси дастаи "Истиқлол"-ро сабт карда буд.
"Истиқлол" - ро кӣ чашм кард ва ё чаро бошгоҳи номдор пайдарҳам мағлуб шуд
Тавре Карина Комил ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ аз дер боз орзу дошт, дар бозии тими дӯстдоштааш, ки таронаро ба он бахшидааст, шахсан бо онҳо ошно шавад.
"Ин аввалин вохӯрии шахсии ман бо бачаҳо буд, ки барои онҳо яке аз таронаҳои дӯстдоштаамро сароидам. Бачаҳои нав зиёд буданд. Варзишгарони ҷавон ба бозӣ шуруъ карданд. Умедворам, ки онҳоро дар оянда пирӯзӣ интизор аст", - гуфт сароянда.
Вай ҳамчунин афзуд, ки хеле нигарони бозӣ буд ва вақте ки дар дақиқаҳои охирини вохӯрӣ ба дарвозаи душанбегиҳо гол зада шуд, барояш нороҳаткунанда буд.
Дар бораи тарона Карина афзуд, ки он хеле ҷолиб аст ва аз ҳама муҳимаш рӯҳияи варзишии ҳам мухлисон ва ҳам худи бозигаронро ба таври комил боло мебарад. Ҳоло бачаҳо дар бозиҳои дохилӣ аз гимн истифода мекунанд.
"Нақшаи наворбардории тарона низ ҳаст. Албатта, бояд варзишгарон ва тамошобинон ҷалб карда шаванд. Шояд тобистони имсол низ дар ин бора кор кунем", - хулоса кард ҳунарманд.
Дар мавриди бозиҳои минбаъдаи "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 даста аллакай баъди анҷоми бозии даври панҷум тамрини барқарорсозӣ анҷом додааст.
Маврид ба зикр аст, ки чаҳоршанбеи оянда, 27 апрел “Истиқлол” бо бошгоҳи “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ хоҳад кард.