ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зарари сел дар ҳудуди шаҳри Панҷакентро муайн намуданд.
Ба иттилои ин ниҳод, бар асари боронгариҳои чанд рӯзи ахир дар деҳаи Навободи вилояти Суғд сел фаромад, ки лойқа пули деҳаро тахриб намуд ва роҳи мошингари Айнӣ - Панҷакент муваққатан баст.
Гуфта мешавад, ҳоло роҳ пурра аз лойоқа тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо дар ду самт имконпазир аст.
Пас аз фаромадани сел Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда муайян намуд, ки сел ба 48 гектар замини кишоварзӣ дар ҷамоати Лоиқи Шералӣ зарар расонда, таҳхонаи 15 хонаи истиқоматии сокинони деҳаи Заврон ва 7 манзили истиқоматӣ дар рустои Навбунёдро хисорот ворид кардааст.
Ҳоло кумитаи ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Панҷакент ба қароре омаданд, ки барои тоза намудани хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳашари умумӣ бо ҷалби аҳолии маҳал ва техника ташкил кунанд.
Манбаъ меафзояд, сери харобиовар, хушбахтона, талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.