Карзай: Шукуфоии Афғонистон бидуни бозгашти духтарон ба макотиб мумкин нест

Раисҷумҳури пешини Афғонистон изҳор доштааст, дар пайи фишорҳои мардуми Афғонистон ва уламои динӣ итминон дорад, ки мадориси духтарона дар ҳама сатҳ бозкушоӣ хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон бо таасуфбор хондани адами бозгушоии макотиби духтаронаи болотар аз синфи шашум гуфт: "Мо мехоҳем, ки ҳама духтарон ба мактабҳо баргарданд."
Вай бо таъкид бар ин ки шукуфоии Афғонистон бидуни бозгашти духтарон ба макотиб мумкин нест, афзуд: "Мардуми Афғонистон инро иҷоза нахоҳанд дод, ман мутмаин ҳастам, ки макотиби духтарона бозгушоӣ хоҳанд шуд, зеро ин чизе аст, ки мардуми Афғонистон мехоҳанд бавузуҳ хоҳони он ҳастанд.
Раисҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, мардуми ин кишвар, бавижа уламои дин ба боз нашудани мактабҳо вокуниш нишон додаанд ва чунин вокунишҳо боиси бозгашти духтарон ба мактабҳо мешавад.
Ҳомид Карзай гуфт, дар мулоқот бо толибон дарк карда, ки онҳо низ мехоҳанд, духтарон ба мактабҳо баргарданд.
ЮНИСЕФ: Беш аз 50 кӯдак тайи ҳафтаи гузашта дар Афғонистон кушта шудааст
Қобили зикр аст, ки толибон баъди ба қудрат расидан дар Афғонистон дарҳои мактабҳоро ба рӯйи духтарон бастаанд.
Ахиран Мавлӣ Нуруллоҳ Мунир, сарпарасти Вазорати маорифи толибон гуфт, ки вазорат ният дорад, дар ҳама вилоятҳо ва ҳатто навоҳӣ мактабҳои динии меъёрӣ бисозад.
Вай дар баробари таълимоти "муосир" ба таълимоти динӣ таъкид кард ва гуфт, ки толибилмони бисёре аз мадорис то ҳол аз таълимоти исломӣ бехабаранд.
Мавлавӣ Нуруллоҳ афзуд, дар рӯзҳои наздик сохтмони мадориси динӣ дар вилоятҳо оғоз мешавад ва ин мушкил дар таълими динӣ ҳал хоҳад шуд.
Толибон дар ҳоле тасмим ба сохтани ҳазорон мадориси динӣ доранд, ки ин гурӯҳ он чиро, ки тарҳ барои бозгушоии макотиби духтарона мегӯяд, натавонистааст ниҳоӣ кунад.