Ҷабборов: Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ояндаи наздик ҳал мешавад

Раҳбари Қирғизистон бори дигар дар бораи масоили марзӣ ҳарф зада, изҳори бовар кард, ки баҳси тӯлонӣ базудӣ ҳал хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Қирғизистон қасд дорад, ба масъалаи манотиқи баҳсбарангез дар марз бо Тоҷикистон нуқта гузорад.
Дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури ин кишвар дар суҳбат бо хабаргузории "Кабар" гуфтааст.
"Дар ояндаи наздик мо бояд ин масъаларо комилан ҳал кунем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, масъалаи делимитатсия ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз бардошта нашудааст ва ҳаллу фасли он идома дорад.
Ӯ қайд кард, ки бинобар ба таъхир афтодани ин раванд дар тӯли беш аз 30 сол дар ҳалли мушкилот "раванди суст" мушоҳида мешавад, ки то ҳол ҳудудҳои баҳсбарангез вуҷуд доранд.
Аммо ӯ изҳори итминон кард, ки дар ниҳоят ҳама ихтилофот аз байн хоҳанд рафт ва муносибатҳои ду кишвар ба эътидол омада, рушд хоҳанд кард.
Коршинос шароити сулҳи пойдор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номбар кард
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, Душанбе манфиатдор аст, ки муаяйнсозии марз бо Қирғизистон ҳарчи зудтар анҷом шавад.
Аммо дар айни замон вай қайд кард, ки ин раванд тӯлонӣ буда, саъю кӯшиши ҳар ду тарафро талаб мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳудудҳои тақсимнашудаи байни ҷумҳуриҳо давра ба давра ба минтақаи низоъ табдил меёбанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Роҳи дигар нест: Раҳмон аз пешрафту мушкилоти музокироти марзӣ бо Қирғизистон гуфт
Сабаби асосӣ ин қитъаҳои ҷудонашуда мебошад, ки дар он ҷо муайян кардани чигунагии сарҳад ғайриимкон аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар охири моҳи апрели соли 2021 дар мазеи тавзеи оби мавсум ба "Головной" муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.
Задухӯрди байни сокинони маҳаллӣ бо задухӯрди низомӣ анҷом ёфт. Дар натиҷа даҳҳо одам ҳалок гардид.
Чаро марзи Тоҷикистону Қирғизистон зуд-зуд ба макони даргирӣ табдил меёбад? Видео
Рӯзи 27 январ дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло як муқовимати дигари мусаллаҳона сурат гирифт. Ин даргирӣ бо ҳалокати ду нафар ва захмӣ шудани 17 тани дигар поён ёфт.
Илова бар ин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаҳои истифодаи силоҳ бештар рух медиҳанд. Охирин ҳодиса то кунун 12 апрел рух додааст.
Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳои фавқулодда гурӯҳҳои топографии ҳар ду ҷумҳурӣ оид ба тақсимоти сарҳад мунтазам вохӯрӣ мегузаронанд.