Эрон: Толибон аз таъмини амният дар Афғонистон оҷиз мондаанд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, толибон аз таъмини амният оҷиз монда ва Теҳрон барои мубориза бо ДИИШ* пешгом мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати хориҷии Эрон ахиран дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, ҳамла ба шиаёни афғон нигаронкунанда аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай бо ишора ба ҳаводиси ахири Афғонистон афзуд: "Ин ҳайати ҳокима аз таъмини амният оҷиз аст, барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва ДИИШ* пешгом хоҳем буд."
Вай гуфт: "Вазъи Афғонистон барои Эрон, аз ҷумла барои тамоми гурӯҳҳои этникӣ ва мазҳабӣ муҳим аст ва масъулияти қитъаи ҳайати ҳокимаи Афғонистон барои амният ёдоварӣ шудааст".
Вай гуфт, Афғонистон ақаллият надорад, балки дорои ақвом аст, ки дар ояндаи Афғонистон саҳиманд ва афзуд, “аз ин рӯ иҷоза диҳед, масъулияти қатъии ҳайати ҳокимаи Афғонистонро ёдоварӣ кунам ва мутаассиф ҳастем, ки он ҳайати ҳокима натавониста амниятро дар бархе манотиқ таъмин кунад”.
Эрон метавонад тавлидкунандагони ғарбиро дар бозори Русия иваз намояд
Вай изҳор дошт, ки Эрон омодааст, таҷрибаи худро дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар хидмати толибон қарор диҳад.
Тайи як ҳафтаи гузашта мавҷи таркишҳо дар мактабҳо ва масҷидҳои шиа ва ҳазора дар Кобул ва Балх сурат гирифт, ки дар натиҷа теъдоди зиёде кушта шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ин ҳамлаҳо ҳудуди 300 донишҷӯ ва намозгузорон шаҳиду захмӣ шудаанд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия