ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ҳукумати муваққати Афғонистон гирифт, таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишварро аз рӯи ҷинс ҷудо кунад. Дар ин бора дар баёнияи вижаи Вазорати таҳсилоти олӣ, ки аз сӯйи толибон ташкил шудааст, гуфта мешавад.
"Донишҷӯёни мард ва духтар ҷудо карда мешаванд ва дар рӯзҳои мухталифи ҳафта дар дарсҳо ширкат хоҳанд кард", - гуфта мешавад дар фармони ин шуъба.
Тибқи қарори вазорат, ба донишҷӯён ҳафтае се рӯз барои иштирок дар дарс ҷудо карда шудааст.
"Духтарон рӯзҳои душанбе, чоршанбе, шанбе, писарон дар рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе дарс мехонанд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Расонаҳои дохилӣ хабар медиҳанд, ки Вазорати маълумоти олӣ аллакай ба донишгоҳҳои ин кишвар дастур фиристодааст.
Раҳбарияти Донишгоҳи Кобул таъйид кард, ки дастури ташкили таҳсили ҷудогона дар ин донишгоҳро дорад ва тарҳи вижае таҳия кардааст, ки "барои идомаи таҳсил ба донишҷӯдухтарон имкон медиҳад".
Толибон баъди эълони тасмими Амрико дар баҳори соли 2021 дар бораи хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳаш аз он ҷо амалиёти густурда барои истиқрори назорат бар Афғонистонро оғоз карданд.
Рӯзи 15 августи соли гузашта толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва рӯзи 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққати худро эълон карданд, ки то ҳол қонунӣ будани онро ҳеҷ кишваре эътироф накардааст.