ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Сухангӯи Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков ахиран ба рӯзноманигорон гуфт, артиши ин кишвар дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина 141 ҳавопаймо, 110 чархболи низомӣ ва беш аз 550 паҳподро нобуд кардааст.
"Аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар маҷмуъ 141 ҳавопаймо, 110 чархбол, 551 паҳпод нобуд карда шуданд", - гуфт Конашенков.
Вай афзуд, 264 системаи зиддимушакиву зиддиҳавоӣ, 2 ҳазору 496 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 282 мушакандози чандманзура, 1093 тӯпхона ва хумпораандоз, 2343 мошини махсуси низомӣ низ нобуд карда шуданд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.