ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Дар се моҳи аввали соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи 53,5 миллион доллар дору ва лавозимоти тиббӣ ворид ворид кардааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 18,9 миллион доллар бештар аст.
Ин ниҳод зимни баррасии вазъи бахши дорусозии кишвар гуфтааст, ки дар ин давра фаъолияти 189 муассисаи дорусозӣ ва тиббии кишварро низ санҷидааст.
"238 номгӯи дору ва молҳои тиббӣ ба маблағи 1978 адад аз муомилот гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37460 адад кам мебошад", -афзуд манбаъ.
Вазорат мегӯяд, то имрӯз беш аз 90 дарсади доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид мешавад.
Гуфта мешавад, сарфи назар аз беҳбудӣ то андозае дар нишондиҳандаҳои соҳа, масъалаи муомилоти доруҳои ба қайд гирифта нашуда ва стандартҳои номатлуби сифат ҳамчунон мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад.
Ба таъкиди ин ниҳод, бахши фармасевти мавриди таваҷҷуҳи хосаи ҳукумат буда, дар натиҷаи дастгирии давлат номгӯи доруворӣ дар кишвар аз 88 адади соли 2015 дар соли 2020 ба 404 адад афзоиш ёфт.
Аммо инро ҳанӯз вазорат кифоя намедонад ва таъкид менамояд, ки барои рушди соҳа тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.