ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Оқибатҳои сангрезӣ дар роҳи Душанбе - Дарвоз, ки маҳдудияти ҳаракат дар пай дошт, бартараф карда шуд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад.
Ин ниҳод дар шарҳи ҳодисаи мазкур мегӯяд, сангрезӣ шоми 22 апрел дар километри 237-уми шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб – Ш. Шоҳин – Дарвоз ба қайд гирифта шуд.
Макони сангрезӣ дар наздикии деҳаи Андироби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин воқеъ будааст ва ин монеа бартараф карда шуд.
"Бо талоши кормандони хадамоти роҳ оқибатҳои сангрезӣ бартараф карда шуда, айни замон роҳ муътадил идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, дар натиҷаи резиши санг талафот ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар ба мавзеъҳои хатарнок худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Ин дар ҳолест, ки аз оғози соли 2022 наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон 520 ҳодисаи фавқулодда ва табииро сабт кардаанд, ки дар пайи он 5 тан ба ҳалокат расидааст.
Ахиран сел аз 12 то 18 март дар ноҳияи Дарвоз 3 хонаро комилан ва чанд бинои дигарро қисман хароб кард.
15 хонаводае, ки дар минтақаҳои селзада зиндагӣ мекарданд, ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Қаблан боридани барфу сел ва сангрезиҳо дар Тоҷикистон аллакай боиси харобиҳо ва талафоти ҷонӣ шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дар сурати рух додани ҳодисаҳои изтирорӣ ва ҳар гуна садама дар роҳҳо шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии КҲФ бо рақамҳои 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд.