ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои расидан ба рушди устувор дар масъалаи таъмини об нокифоя хонд.
Ӯ зимни суханронӣ дар Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнусия гуфт, "таҳлилҳо нишон медиҳанд, бо он суръату талошҳое, ки мо имрӯз дорем, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, бахусус дар қисмати об хеле мушкил мебошад".
Президент гуфтааст, ки таҳдидҳову хатарҳои муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим ин равандро ба таври ҷиддӣ халалдор кардаанд.
Чунин ҳолат, ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, зеро таъсири он ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо бисер возеҳ ва нигаронкунанда мебошад.
"Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванданд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад", - афзуд ӯ.
Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд ва дар доираи ин раванд пешниҳод намуд, ки соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала суръат бахшида шаванд.
Ҳамин тариқ дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ аввалин конфронс дар доираи Даҳсолаи нави амал "Об барои рушди устувор" баргузор гардид. Дувумин чунин чорабинӣ аз 6 то 9 июни соли 2022 баргузор мешавад.
Илова бар ин Раҳмон аз конфронси оби СММ, ки бо ибтикори Тоҷикистон дар соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мешавад, ёдовар шуд.
Сарвари давлат ширкаткунандагони ҳамоишро ба конфронси Душанбе бахшида ба омодагӣ ба чорабинии дар боло зикршуда даъват намуд.
Дар охир Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон якҷо бо кишварҳои шарик минбаъд низ пешсафиву иродати сиёсии худро фаъолона идома хоҳад дод.