Медведев: Аврупо бидуни гази Русия як ҳафта давом намеоварад

Ноиби раиси Шӯрои амнияти Федератсият Русия мегӯяд, ки Аврупо бидуни гази ин кишвар зиста наметавонад. ХБА бошад, шаш моҳ пешбинӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дмитрий Медведев, ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия бо киноя ба хабарҳо дар бораи ризоияти Комиссиюни Аврупо барои пардохти пули гази Русия аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ бо рубл вокуниш кард.
Медведев дар барқияи худ навишт: "Комиссияи Аврупо иҷозаи пардохт барои газро ба рубл дод ва бар ин бовар аст, ки фармони раисҷумҳури Русия ҳамчунон метавонад тавассути тиҷорати аврупоӣ эъмол шавад. Мо субот ва якпорчагии шарикони аврупоии худро қадр мекунем", - навиштааст Медведов дар "Telegram-канал"-аш.
Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки "тибқи маълумоти охирини Сандуқи Байналмилалии Пул, Аврупо метавонад беш аз шаш моҳ бидуни гази Русия фаъолият кунад".
"Аммо ҷиддӣ, онҳо ҳатто як ҳафта ҳам давом нахоҳанд дошт", - гуфт ноиби раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тибқи ҳисобҳои СБП, кишварҳои аврупоӣ метавонанд бидуни гази табиии Русия ҳамагӣ шаш моҳ бидуни вазнинӣ зиндагӣ кунанд ва пас аз он мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ оғоз мешавад.
Новак гуфт, Аврупо наметавонад дар панҷ соли оянда нафту гази Русияро иваз кунад
Тавре хабаргузории "Reuters" рӯзи ҷумъа хабар дод, Комиссияи Аврупо бо ирсоли як нома ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо тавзеҳ дод, ки онҳо метавонанд бо назардошти як чанд шарт бидуни нақзи таҳримҳо алайҳи Маскав ҳаққи гази Русияро бо рубл пардохт кунанд.
Шолтс: Таҳрими судури гази Русия ба Украина сулҳ намеорад
Оҷонсӣ тавзеҳ медиҳад, ки яке аз нақшаҳои эҳтимолии пардохт ин гушудани суратҳисоб бо доллар ё евро дар бонки Русия аст, ки ширкати дарёфткунандаи газ асъорро ба он гузаронидаву бо рубл табдил ва баъдан пардохт мекунад.
Ин тарҳ имкони мунҷамид кардани пули гази Русияро аз тарафи кишварҳои ғарбӣ аз байн мебарад.