ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Соли 2021 "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дурахш кард ва тавонист дар 1/8 финал аз гурӯҳ берун шавад ва имсол бошад, дастаи Виталий Левченко аз пирӯзӣ хабар надорад.
Ду бозии дигар дар пеш аст, аммо афсус, ки варзишгарон шонси ба даври плей-офф баромаданро надоранд. Sputnik Тоҷикистон талош кард то бифаҳмад, ки чаро баромади қаҳрамони кишвар дар мавсими мусобиқаи асосии Осиё-2022 ин қадар бебарор буд.
Ба гуфтаи сармураббии собиқи тими футзали Тоҷикистон ва собиқ бозигари “Помир” Дамир Камолиддинов, бозигарони ҷавону камтаҷрибаи ҳайат барои бозиҳо дар ин сатҳ хуб нестанд. Онҳоро танҳо барои оянда дар назар гирифтан мумкин аст.
Ба гуфтаи коршинос, ҳама мухлисон, албатта, мехостанд, ки таърихи порсола бо пирӯзӣ такрор шавад, аммо дар мавсими имсола омилҳои зиёде дастаро ба бохт овард.
"Баромади "Истиқлол"-ро пайгирӣ мекунам. Фикр мекунам, ки ба натоиҷи кунунии он пеш аз ҳама тағйироти шадид дар таркиб таъсир расонд. Он ҷавон шуд. Бисёр бозигарон танҳо таҷрибаи бозӣ дар ин сатҳро надоранд", - қайд кард варзишгар.
Илова бар ин, Камолиддинов қайд кард, ки бошгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун зиф қабул намекунанд ва дастаҳои рақиб ба бозиҳо бо "Истиқлол" пурра омода мешаванд.
"Дар он мавсим қаҳрамон болотар аз ҳадди тавон ҷҳида буд. Дар ҷое бахташ омад. Ҳоло ҳама чиз ба ҷои худ афтод", - гуфт коршинос.
Вай ҳамчунин афзуд, тими Тоҷикистон имкони гирифтани ҳадди ақал дар гурӯҳ дар ҷои дуввумро надорад. Ҳарифон хеле пурқувват шудаанд.
"Ҳайати мо барои бозӣ дар ин сатҳ омода нест. 11 нафар футболбозӣ мекунанд. Вақте ки 3-4 бозигар аз майдон меафтад, барои натиҷа бозӣ кардан душвор аст. Ҳайати ҳозираи "Истиқлол" барои оянда аст", - гуфт мураббӣ.
Вай ҳамчунин афзуд, ки варзишгарони ҷавон то ба зинаи баландтар расида, маҳорати худро такмил додан, дар чемпионати маҳаллӣ низ холҳоро аз даст медиҳанд.
Мутахассис пешниҳод кард, ки мураббиён бо сардории Левченко аз баромади бебарор хулоса бароварда, бозиҳоро таҳлил кунанд. Ҳамчунин ин як таҷрибаи худ дар корномаи мураббигии онҳост.
"Мехоҳам бовар кунам, ки дар мавсими оянда беҳтар мешавад, агар Виталий Левченко боқӣ монад. Овозаҳое ҳастанд, ки ба ӯ аз дигар дастаҳо пешниҳодҳо доранд. Ман намехоҳам, ки ӯ ба ҷое биравад", - гуфт собиқ мураббии тими миллии футзал.
Вай таъкид кард, ки устоди ин дараҷа чемпионатро танҳо қавӣ мегардонад. Аммо агар Левченко аз бошгоҳ равад ҳам, барои мураббии дастаи оянда "бағоҷ"-и арзанда мегузорад.
Дамир Камолиддинов инчунин дигар мураббиҳоро дар Тоҷикистон қайд кард, ки метавонанд бо шогирдони худ ба сатҳи нав бирасанд.
"Ин гуна мураббиён зиёданд, бигзор кадрҳои мо кор кунанд, таҷриба андӯзанд. Мо бачаҳои оқил дорем, ба онҳо бовар кардан лозим аст", - хулоса кард манбаи Sputnik Тоҷикистон.