ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти сатҳи баланд дар ҳамкорӣ бо Дафтари мубориза бо терроризми СММ дар қароргоҳи ин созмон дар Ню-Йорк ширкат кард.
Прокурори генералӣ "Стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025"-ро муаррифӣ кард, менависад АМИТ "Ховар".
Зимни муаррифии стратегия Юсуф Раҳмон дар бораи тамоюл ва дурнамои ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалии кишвар дар мубориза бо терроризм маълумоти муфассал додааст.
Вай дар ин маврид кумаки кишварҳои узв ва ниҳодҳои СММ ба Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ карда, дар бораи талошҳои кишвар барои ҷилавгирӣ ва муқобила бо таҳдидҳо ба амният сухан гуфт.
Ташаббусҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби намояндагони бисёр давлатҳо дастгирӣ ёфт. Аз ҷумла Ӯзбекистон, САҲА, Чин, Туркия, Сингапур, Арманистон, Эрон ва соири кишварҳо аз он истиқбол карданд.
Қобили зикр аст, ки дар чорабинӣ ҳайатҳои кишварҳои узв ва коршиносони ниҳодҳои СММ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва терроризм, инчунин намояндагони созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, минтақаӣ ва тахассусӣ ширкат варзиданд.
Дар нишасти машваратӣ инчунин ҷонишини котиби генералӣ, сардори Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ва бисёре аз дигарон ширкат варзиданд.
Дар идомаи ин сафараш Юсуф Раҳмон бо намояндагони аршади созмон дар умури мубориза бо терроризм дидорҳо доштааст.