Вазири толибҳо бо дипломатҳои Осиёи Марказӣ аз CASA-1000 гуфт: намояндаи Тоҷикистон набуд

Иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии толибҳо бо дипломатҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла дар бахши энержиро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Амирхон Мутаққӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати толибҳо сафирони Ӯзбекистону Қазоқистон ва намояндагони Туркманистону Қирғизистонро ба ҳузур пазируфтааст.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар дода афзуд, ки мавзуи меҳварии мулоқот ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ будаанд.

"Равобити тиҷорию иқтисодии кишварҳои Осиёи Миёна бо Афғонистон баррасӣ шуда, таъкид гардидааст, ки имкониятҳои нави ҳамкорӣ бояд ба манфиати тамоми минтақа истифода шаванд", - омадааст дар хабар.

Аз масоиле, ки нисбатан муфассал ба онҳо таваҷҷуҳ шудааст, роҳи оҳани фароафғонистонӣ ва хатти интиқоли барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ - CASA-1000 будаанд.
Тоҷикистон гарчанде яке аз иштирокдорони калидии лоиҳаи хатти интиқоли CASA-1000 мебошад, аз иштироки намояндааш дар баррасии ин тарҳ бо толибҳо хабар дода нашудааст.
Мирзиёев бо Имрон Хон аз лоиҳаи калидӣ дар Афғонистон гуфт
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ахиран гуфт, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80%-и корҳо дар сохтмони CASA-1000 анҷом ёфтаанд. Ӯ таъкид намуд, ки қисмати тоҷикистонии ин хатти интиқоли барқ соли 2022 омода хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, тарҳи CASA-1000 аз нигоҳи маблағгузорӣ, таҷҳизот ва сохтмон феълан дар сатҳе қарор дорад, ки ягон шубҳа дар амалишавияш нест ва чизе наметавонад монеаи он шавад. Ӯ афзуд, уҳдадориҳои кишварҳои иштирокдори ин тарҳ дар созишномаи генералӣ зикр шудаанд.
Бар асоси тарҳи CASA-1000, интизор меравад, аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон ҳудуди ҳазор мегаватт ва ба Афғонистон ҳудуди сесад мегаватт нерӯи барқ содир шавад.