ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҳамлагари амали террористӣ дар масҷиди Афғонистон, ки ҷони беш аз 30 нафарро гирифт, боздошт карданд.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон бо истинод ба сухангӯи пулиси толибон Муҳаммад Осиф хабар дод.
Вазирӣ гуфт, ин террорист Абдулҳамид Сангарёр будааст, ки қаблан дар бахши ДОИШ*-и афғонистонии "Вилояти Хуросон"* масъули ин вилоят будааст.
Ба гузориши манбаъ, ин террористро дар мавзеи Чаҳорбулоқ зинда боздошт кардаанд.
Дар бораи муҷозоти боздоштшуда чизе гуфта нашудааст.
Ёдрас менамоем, ки рӯзи панҷшанбе дар масҷиди Мазори Шарифи Афғонистон ҳангоми адои намоз таркиш рух дод.
Ҳодиса дар як минтақаи серодами шаҳр ба вуқуъ пайваст.
Ба гузориши хабаргузории афғонии "Khaama Press", шумори қурбониёни таркиш ба 30 нафар ва теъдоди захмиён ба 80 нафар расидааст.
Бояд гуфт, пас аз иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар тақрибан ҳар ҳафта таркишҳо ба қайд гирифта мешаванд.
Ҳамин тавр тирамоҳи соли 2021 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо беш аз 250 нафар кушта, садҳо нафар маҷруҳ шуданд.
Ахиран дар пайи таркишҳо дар назди мактабе дар Кобул дастикам 25 нафар кушта шуданд.
*- созмони мамнуъ дар Русия