Маълум шуд, ки Тоҷикистон чӣ қадар маҳсулоти нафтӣ истеҳсол ва ворид кардааст

Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 қариб дусад ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда, ҳамагӣ 6 ҳазор тонна бензину дизел истеҳсол кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 193,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд, омадааст дар маълумотномаи Вазорати энергетика ва захирахои оби мамлакат.
Ҳамин тариқ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 воридот 1,6 маротиба афзоиш ёфтааст.
"Дар ин давра ба маблағи умумии беш аз 154,8 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст", - гуфт манбаъ.
Чун пештара Русия таъминкунандаи аслии маҳсулоти нафтии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Илова бар ин, аз Қазоқистон ва кишварҳои дигар навъҳои гуногуни сӯзишворӣ ворид карда мешавад.
Маҳсулоти нефтӣ асосан аз сабаби он ки дар дохили кишвар хеле кам истеҳсол карда мешавад, бештар ворид карда мешавад.
Дар мавриди тавлидоти дохилӣ бошад, дар семоҳаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор тонна нафт тавлид шудааст. Аз ин миқдор 12,1 тоннаашро бензин ва 1,4 ҳазор тоннаашро сӯзишвории дизелӣ ташкил медиҳад.
Сегонаи стратегӣ: Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом колоҳоро ворид мекунад
Албатта, чунин ҳаҷм дар пасманзари миқдори воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ ночиз аст ва талаботи дохилии бозорро қонеъ карда наметавонад.
Дар мавриди нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар Тоҷикистон бошад, он ба суръат боло меравад.
Аз ҷумла, аз аввали соли ҷорӣ нархи гази моеъ якбора, қариб 6,1 фоиз, сӯзишвории дизелӣ 8 фоиз ва бензин 2,9 фоиз боло рафтааст.
Нақшаҳои "ширин": Тоҷикистон воридоти шакарро афзоиш медиҳад
Қаблан маълум шуда буд, ки аз аввали соли 2022 ба феҳристи колоҳои аслии воридотӣ ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум шомиланд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ гуфт, ки ҳаҷми воридоти се маҳсулоти зикршуда қариб 16 фоизи воридотро ташкил медиҳад.